Манъи вуруди ҷавонони то 20 солаи тоҷик ба тарабхона ва кафе

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкМанъи вуруди ҷавонони то 20-сола ба тарабхонаҳо. Акс аз бойгонӣ
Манъи вуруди ҷавонони то 20-сола ба тарабхонаҳо. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз волидон хоҳиш карда мешавад, то фарзандони то 20-солаи худро шабҳангом таҳти назорати худ қарор диҳанд

ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз волидони ҷавонони то 20-сола хоҳиш мекунад, то шомгоҳон фарзандони худро таҳти назорат гиранд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти вазорати корҳои дохилии ҶТ ҷавононе, ки 20-соларо пур накардаанд, вақти шаб набояд дар тарабхонаҳо ва кафе нишинад.

Қаҳрамонӣ оид ба бозиҳои компютерӣ дар Русия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҷинояти наврасони тоҷик: кордзанӣ, бозиҳои компютерӣ ва оворагардӣ

Ҳамин тавр вуруди ҷавонони то 20 сола шабҳангом (аз соати 21.00) ба тарабхонаҳо, кафе, интернет-кафе ва марказҳои букмекерӣ манъ карда  шуд.

Маҳдудиятҳои мазкур ба хотири аз байн бурдани ҳолатҳои ҷиноии ҷавонон ва наврасон  ба роҳ монда мешавад.

"Дар сурати  риоя нашудани қонуни мазкур волидони ҷавонон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд",-омадааст дар хабарнома.

Қаблан президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони шаҳри Душанбе, аз рафтори наврасон изҳори нигаронӣ карда, бо мақсади коҳиш додани ҳолатҳои беҳудагардии наврасон супориш дод, то вуруди  кӯдакони то 14 сола баъди соати шаш ба интернет-кафеҳо манъ карда шавад.

Лентаи хабарҳо
0