ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik, Рубен Гарсия. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаи пешгирии ҷинояткории кӯдакон байни наврасон ва ҷавонон рейди навбатӣ баргузор кард.
Намояндагони ҳифзи ҳуқуқ марказҳои компютериро дар шаҳри Душанбе тафтиш карда, 30 нафар наврасро шоми бевақт, дар марказҳои дилхушӣ, саргарми бозиҳои компютерӣ дарёфтанд.
Бо наврасон корҳои фаҳмонадиҳӣ анҷом дода шуда, волидонашон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд. Моликони марказҳои компютерӣ эҳтимолан ҷарима карда мешаванд.
Рӯзи 3-юми январи соли равон матаббачагони Душанбе байни ҳам муноқиша карда, занозанӣ то кордкашӣ расид. Ду нафар дар пайи муноқиша ба ҳалокат расиданд. Ин ҳодиса яке аз сабабҳои асосии шурӯъ кардани рейдҳо аз ҷониби намояндагони ВКД шуд.
"Чунин мушкилӣ дар ҳақиқат ҷой дорад. Имрӯз наврасоне ба воя расида истодаанд, ки онҳо ҷанги шаҳрвандиро надида буданд. Онҳо маънои хушунатро намедонанд ва барои ҳамин нисбати атрофиён зӯроварӣ мекунанд. Мо натанҳо аз ВАО балки аз кормандони дигар мақомотҳои давлатӣ низ дар бораи ҷинояткории наврасон мешунавем. Қаблан ҳодисаҳои ба ин монанд истисноӣ буд",-гуфт сиёсатшиноси тоҷик Рашид Ғанӣ Абдуллоҳ.
Ба фикри ӯ ҷавонон гуруснагӣ, ҷанг, канда шудани алоқаи ҷамъиятиро фаромӯш кардаанд, ё ҳатто намедонанд. Барои ҳамин зӯроварии вертуалӣ ё воқеӣ барои онҳо-ҳодисаи ғайривоқеӣ менамояд.
Сустшавии нақши оила дар зиндагии фарзанд ва коста шудани арзишҳои оилавӣ, ки сол аз сол бештар ба назар мерасанд, низ нақши худро мебозанд.
"Ҳукумат бояд таҳқиқоти пурра гузаронида, баъди тартиби консепсияи махсус, амал намояд. Бештари вақт бо мақсади ҳалли мушкилот, дар бораи пурзӯр кардани нақши оила дар зиндагии фарзанд мегӯянд. Вале дар замони ҳозира наврасон на ҳамеша ба гапи волидон гӯш медиҳанд, агар чунин нанамояд ҳам",-шарҳ дод Рашид Ғанӣ Абдуллоҳ ба Sputnik Тоҷикистон.
Вале танҳо бобаргузории рейдҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин мушкилотро намешавад ҳал кард. Коршиносон даъват мекунанд, то барои наврасон марказҳои алтернативии датрас, таъсис дода шаванд.
Чун аксар вақт фикрҳои номуносиб ва бераҳмона замоне ба фикри шахс меоянд, ки ӯ бекор буда, ягон машғулияти дилхоҳ надорад.
Бештари ҳодисаҳои бераҳмӣ ва ҷинояткории наврасон дар шаҳрҳои бузург, ҷое, ки ҷавонон вақти холии зиёд дошта, марказҳои гуногуни дилхушӣ аз қабили марказҳои компютерӣ дастрас ҳаст, ба назар мерасад. Дар деҳот бошад, махсусан оилаҳое, ки зиндагии худро бо кишти замин таъмин мекунанд, ҳатто вақт барои бозии компютерӣ надоранд.
"Ин натанҳо вазифаи ҳукумат, балки оила ва тамоми ҷамъият аст. Барномаҳои ҳукуматӣ барои толибилмон каманд, наврасон танҳо мактабро медонанду халос. Агар дар бораи залҳои варзишӣ гӯем, пардохти онҳо дар аксари маврид аз ҷониби волидон сурат мегирад. Бояд дарк кард, ки дар фазои бӯҳрони иқтисодӣ пул дигар кӯмак намекунад ва волидон бояд дар бораи дигар шакли муносибати педагогӣ фикр кунанд",-мегӯяд аъзои палатаи вакилони ҷамъиятии Русия, аъзои раёсати Шӯрои миллии ҷавонон ва иттиҳодияи кӯдакон Артем Кирянов.
Оддӣ карда гӯяем, агар хоҳӣ ки фарзанди ту беҳудагардӣ накунад, ҳамроҳи дигар волидон барои ӯ мураббӣ ёфта, пул пардохт кун.
Мушкилоти ҷинояткории наврасон, ки асоси худро аз беҳудагардӣ ва бозиҳои компютерӣ мегирад дар сатҳи гуногун барои ҳамаи кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ хос аст. 10-12 сол қабл ин мушкилот танҳо дар кишварҳои Ғарб ҷой дошт.
Масалан моҳи декабри соли гузшта дар ФР додгоҳ мурофиаи мактаббачаи 17-соларо, аз вилояти Челябинск, ки барои надодани ҷойи нишаст ба ҳамсинфаш ӯро ба ҳалокат расонид, баррасӣ намуд.
Дар Тоҷикистон кӯшиш мекунанд ин мушкилотро дар доираи барномаи профилактикӣ аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳал кунанд. Ҳамин тавр рейди набатӣ дар қаламрави шаҳри Душанбе, қисми рейди вижаи "Оворагард", ки (бо мақсади дарёфти оворагардон ва пешгирии ҷинояти нарасон гузаронида мешавад) мебошад.
Амалиёти вижаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ, ки то охирҳои моҳи январи соли равон гузаронида мешавад, бо мақсади риояи қонун "Дар бораи масъулияти падару модар барои таълиму тарбияи фарзанд" баргузор карда мешавад.
Вазифаи асосии ин амалиёт муайян намудани ҳуқуқвайронкуниҳо байни наврасон ва ҷавонон мебошад.
Ногуфта намонад, ки раиси нави шаҳри Душанбе, Рустами Эмомалӣ мубориза бо ҷинояткорӣ байни наврасон ва ҷавононро яке аз самтҳои афзалиятноки кори худ қарор додааст.