Душанбе, 22 фев-Sputnik. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти вазорати корҳои дохилии ҶТ бинои марказии "Амонатбонк" дар пайи расиши кӯтоҳ оташ гирифтааст.
Ҳаҷми майдони валангоршуда 250 метри мураббаъро ташкил дод. Ба ҷои ҳодиса 13-адад нақлиётҳои асосӣ ва махсуси оташнишонии СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои он ҳозир шуда, боми биноро, ки пурра ба коми оташ рафт хомӯш карданд.
Ҳамаи кормандони бонк сари вақт аз бино бароварда шуданд. Хабар дода мешавад, ки боми бино пурра валангор шудааст. Ҳаҷми зиёни моддӣ ба бонк ҳоло ҳисоб карда нашудааст. Ҳеҷ як аз кормандони бонк зарар надидааст.
Имрӯз, 22 феврали соли 2017 "Амонатбок" ба идомаи кор ва қабули мизоҷон омода аст.
Қаблан хабар дода шуд, ки дар бинои марказии "Амонатбонк" дар шаҳри Душанбе сӯхтор ба амал омад.