ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Дар бинои марказии Амонатбонк сӯхтор ба амал омад. Ба қавли мушоҳидон қисми он аллакай аз ҷониби оташнишонон хомӯш карда шуд.
"Аввал дуди ғавс дар осмон падидор шуд. Акнун баъди кори оташнишонон он камтар аён аст",-гуфт сокинони пойтахт дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Қайд шуд, ки оташро чанд адад мошини оташнишон хомӯш карда истодаанд.
Сабаби сӯхтор то ҳол номаълум аст.