ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Дар шаҳри Қурғонтеппа ва Данғара майдонҳо нави сунъии футбол ба истифода дода шуданд. Дар маросими ифтитоҳ президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ ширкат дошт, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти ФФТ.
Рустами Эмомалӣ зимни суханронӣ қайд кардааст, ки дар минтақаҳои дурдаст ва навоҳии гуногуни кишвар футболбозони ҷавони болаёқат зиёданд ва барои онҳо бояд шароити хуби тамрин фароҳам карда шавад.
Бино ба иттилои манбаъ баъди маросими ифтитоҳи расмӣ гурӯҳҳои духтарона низ дар майдонҳои нав бозӣ карда, изҳор доштаанд, ки майдонҳои нав ва шиароити хуби тамрин ҳавасмандии онҳоро ба ин намуди варзиш дучанд мекунад.
"Бовар дорам, ки дар оянда аз шумо ба сафи гурӯҳҳои футболи номдори Тоҷикистон ва бархе дар ҳайати мунтахаби кишвар шомил шуд. Ба ҳамаи шумо ба наздиконатон саломатиро орзу дорам",-гуфт Рустами Эмомалӣ зини суханронӣ.
Дар маросими ифтитоҳи майдонҳои сунъии футбол дар Данғара ва Қурғонтеппа президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ ва раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҶТ Аҳтам Абдуллозода ширкат карданд.
Сохтмони майдонҳо моҳи апрел шурӯъ шуда, 22 сентябри соли 2016 ба истифода дода шуданд.