ДУШАНБЕ,22фев-Sputnik. Ҳамин тавр гуфта мешавад, ки санаи 20-22 феврали соли 2017 — ташрифи ҳайати Федератсияи Русия таҳти роҳбарии муовини вазири кишоварзии Федератсияи Русия ҷаноби Евгений Громико ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст.
"Санаи 27-28 феврали соли 2017 — сафари расмии Президенти Федератсияи Русия Владимир Владимирович Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон",-омадааст дар иттилоия.
Қаблан муовини аввали сарвазири Русия, Игор Шувалов зимни сафар ба Тоҷикистон гуфта буд, ки ҳарду ҷониб, ҳам Тоҷикистону ҳам Русия бояд ба сафари Владимир Путин омодагӣ бинанд.
Ҳамин тавр коршиносони Sputnik Тоҷикистон ҳадс мезананд, ки прездиенти Русия Владимир Путин бори дигар ба сарвари давлати тоҷикон аз дохил шудан ба ЭврАзЭС хотиррасон намояд, вале таҳлилгарони маҳаллӣ бар онанд, ки Владмимр Путин танҳо ба хотири хотиррасон кардан ба кишвар нахоҳад омад.
Онҳо бовар доранд, ки президент барои гирифтани имзо ба Тоҷикистон меояд. Дар баробари ин хабар дода шуд, ки ҷониби Тоҷикистон барои Путин даҳҳо бастаи ҳуҷҷатҳоро омода кардааст.
"Як бастаи комили созишномаҳои гуногун, ки ба таҳкими ҳамкорӣ бо шаҳрҳои бузурги Русия равонаанд барои имзо мавриди таҳия қарор дорад. Русия дар савдои хориҷии Тоҷикистон нақши бузург дорад ва 26%-ро ташкил медиҳад", — гуфт вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода дар сӯҳбат бо радиои Sputnik.