Раббонӣ аз Афғонистон, Гамачек аз Чехия ва Путин аз Русия ба Душанбе меоянд

© SputnikҚасри миллат. Акс аз бойгонӣ
Қасри миллат. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар моҳи феврали соли 2017 ташрифи намояндагони воломақоми се кишвар-Афғонистон, Чехия ва Русия ба Тоҷикистон дар назар аст

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Намояндагони воломақоми ду кишвар-Афғонистон ва Чехия аз 10 то 18-уми феврал ба Тоҷикистон меоянд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти вазорати корҳои хориҷии ҶТ.

Ҳамчунни қаблан сухангӯи президенти Федератсияи Русия Дмитрий Песков хабар дод, ки Владимир Путин бо сафари корӣ моҳи феврал ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ сафар мекунад.

Владимир Путин, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Владимир Путин рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон меояд

Вазорати умури хориҷии ҶТ менависад, ки аз 10 то 12 феврали соли 2017 — ташрифи ҳайати Ҷумҳурии Чехия таҳти роҳбарии раиси палатаи  намояндагони парламенти Ҷумҳурии Чехия-Ян Гамачек  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст.

Манбаъ меафзояд, ки аз 15 то 18 феврали соли 2017 — Салоҳуддин Раббонӣ вазири корҳои хориҷии  Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Тоҷикистон меояд.

Вале дар бораи сафари расмии президенти Федератсияи Русия дар торнома хабар дода нашудааст.

Қаблан муовини аввали сарвазири Русия, Игор Шувалов зимни сафар ба Тоҷикистон гуфта буд, ки ҳарду ҷониб, ҳам Тоҷикистону ҳам Русия бояд ба сафари Владимир Путин омодагӣ бинанд.

Ҳамин тавр коршиносони Sputnik Тоҷикистон ҳадс мезананд, ки прездиенти Русия Владимир Путин бори дигар ба сарвари давлати тоҷикон аз дохил шудан ба ЭврАзЭС хотиррасон намояд, вале таҳлилгарони маҳаллӣ бар онанд, ки Владмимр Путин танҳо ба хотири хотиррасон кардан ба кишвар нахоҳад омад. Онҳо бовар доранд, ки президент барои гирифтани имзо ба Тоҷикистон меояд.

Дар баробари ин хабар дода шуд, ки ҷониби Тоҷикистон барои Путин даҳҳо бастаи ҳуҷҷатҳоро омода кардааст.

"Як бастаи комили созишномаҳои гуногун, ки ба таҳкими ҳамкорӣ бо шаҳрҳои бузурги Русия равонаанд барои имзо мавриди таҳия қарор дорад. Русия дар савдои хориҷии Тоҷикистон нақши бузург дорад ва 26%-ро ташкил медиҳад", — гуфт вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода дар сӯҳбат бо радиои Sputnik.

Лентаи хабарҳо
0