Шумораи квотаи Ҳаҷ ба шаҳрвандони Русия зиёд карда шуд

© AP / Hadi MizbanКаъба, акс аз бойгонӣ
Каъба, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мусалмонони Русия аз ҳукумати Арабистони Саудӣ муташаккир гаштанд: шумораи квота ба шаҳрвандони Русия то 20500 ҷой зиёд карда шуд

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik.Барои шаҳрвандони Русия шумораи квота ба сафари Ҳаҷ зиёд карда шуд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба дафтари матбуоти Шӯрои муфтиёти Русия.

Бояд қайд кард, ки шумораи квота ба ҳадди пештара- соли 2014 баробар карда шудааст. Ҳамин тавр, дар соли 2017 20500 нафар мусалмонон метавонанд ба тавофи Каъба раванд.

Чуноне ки муовини аавали Шӯрои муфтиёти Русия Рушан Аббасов  дар рафти вохӯрии вазири умури Ҳаҷ ва Умраи Арабистони Саудӣ Муҳаммад Бантан изҳор дошт, мусалмонони Русия аз ҳукумати Русия барои ин амалашон миннатдоранд.

Қурби доллар нархи ҳаҷро боло бурд

Тарафҳо ҳамчунин дар вохӯрӣ масоили гирифтани раводид, кам кардани боҷҳои иловагӣ аз ҳоҷиён, имконияти додани раводид ба хориҷиёне, ки дар Русия қарор доранд, баррасӣ карданд.

Ёдовар мешавем, ки дар соли 2015 шумораи квота ба шаҳрвандони Русия то 16400 ҷой кам карда шуда буд.

Ҳаҷ — яке аз панҷ рукнҳои асоссии  Ислом ба ҳисоб меравад, ки ҳар як мусалмон бояд ақалан як маротиба (агар имкон дошта бошад) ба ҷо оварад.

Лентаи хабарҳо
0