Бидуни шарҳ: Узбакистон сабаби қатъи парвозро "амният" гуфт

© Официальный сайт / Гузариш ба медиабонкҲавопаймои ширкати "Сомон Эйр". Акс аз бойгонӣ
Ҳавопаймои ширкати Сомон Эйр. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон рӯзи сешанбе изҳор дошт, ки ҷониби Узабакистон парвози аввалини Душанбе-Тошкандро бо сабаби "амният" бекор кард

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Бино ба иттилои оҷонсии хабарии  РИА Новости, Узбакистон парвози аввалини расмии ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр"-ро бо сабаби масоили амниятӣ бекор кардааст.

Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" санаи 20-уми феврал хабар дод, ки парвози хатсайри Душанбе-Тошканд бо сабаби қабул накардани парвоз аз ҷониби Узбакистон бекор карда шуд.

Ширкати ҳавоии Сомон Эйр, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
“Принцип”-и Тошканд: парвоз намешавад, зеро ҷадвал тасдиқ нашуд ё барои чӣ хатсайр бекор гардид

Тавассути ҳавопаймои аввалини ширкати "Сомон Эйр" бояд 26 мусофир парвоз мекард. Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон хабар дод, ки дар айни замон "Сомон Эйр" ва "Узбекские авиалинии" сари ҳар чӣ зудтар аз байни бурдани ноқисҳои техникӣ ва ба роҳ мондани парвоз кор мекунанд.

Муовини вазири вазорати нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода ба РИА Ноовсти гуфт:

"Моро тариқи телефон дар бораи бекор кардани парвоз бо иллати масоили амниятӣ огоҳ карданд, вале дар баробари ин ягон шарҳ дода нашуд. Аммо санаи 10-уми феврал зимни ҷаласа дар Тошканд, ҷониби Узбакистон ба ширкати ҳавоии Тоҷикистон иҷозатномаи парвози рӯзи 20-уми февралро дода буд".

Дар навбати худ дар Тошканд мегӯянд, ки ширктаи "Сомон Эйр" ҳқҷҷатҳои лозимаро барои парвози рӯзи 20-уми феврал омода накардааст.

Намояндаи ширкати ҳавопаймоии "Узбекистан хаво йуллари" ба васоити  ахбори оммаи Узбакистон гуфтааст, ки аз рӯи шартнома "Сомон Эйр" бояд ҳуҷҷатҳои лозимаро ба ҷониби Узбакистон чанд рӯз қабл аз санаи парвоз равон мекард, вале чунин нашуд.

Лентаи хабарҳо
0