ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik.Ширкати ҳавоии "Сомон Эйр" барои ба анҷом расонидани парвоз ба самти Душанбе-Ташоканд аз Ӯзбакистон иҷозат гирифт.
Аммо қайд карда мешавад, ки то ҳол ҷадвали парвозҳои мунтазам ба ин самт тасдиқ нагагрдидааст, хабар медиҳад РИА Ноовости.
Пештар хабар дода шуд, ки "Сомон Эйр" аз сабаби рад кардани ҷониби Тошканд натавонист парвози худро ба ин самт ба анҷом расонад.
Чӣ хеле ки манбаи РИА Новости аниқ кардааст, "Сомон Эйр" ҳоло танҳо барои як парвоз иҷозат гирифтааст.
"Ҳуҷҷатҳо ба пуррагӣ омода нашуда буданд, барои ҳамин парвоз ба анҷом нарасид",- гуфтааст ҳамсӯҳбати оҷонсӣ дар Тошканд.
Бояд қайд кард, ки Нозироти давлатии авиатсионии Ӯзбакистон пештар барои ба анҷом расонидани парвозҳои мунтазам ба ширкати "Сомон Эйр" иҷозат дода буд.
То ҳол, Душанбе ва Тошканд ҷадвали парвозҳоро тасдиқ накардаанд. Аз ҳамин сабаб, "Сомон Эйр маҷбур аст барои ҳар як парвоз аз фурудгоҳи Тошканд иҷозат гирад.
Ёдовар мешавем, ки пагоҳии 20-уми феврал бояд аввалин парвози мунтазами ширкати тоҷикӣ ба Тошканд сурат мегиририфт. Аммо парвоз амалӣ нагардид.
Бо хатсайри мазкур бояд 26 мусофир ба Тошканд парвоз мекарданд. Ширкати ҳавоӣ ваъда дод, ки маблағи мусофиронро бар мегардонад ва ё чиптаҳояшонро ба самти Душанбе-Хуҷанд иваз мекунад.
Ёдовар мешавем, ки охирҳои соли 2016 ҳукумати Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар барои барқарор намудани парвозҳо байни ин ду кишвар бо ҳам ба муросо омаданд. Санаи 10-уми феврал аввалин парвози техникӣ ба Тошканд сурат гирифт. Якҷоя бо ҳайъати ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон ва фурудгоҳ 20 мусофир ба Тошканд парвоз карданд.
Кушодашавии расмии парвозҳои мантазам бояд имрӯз- 20-уми феврал сурат мегирифт. Парвозҳо байни Душанбе ва Тошканд солии 1992 аз замони оғозёбии ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон қатъ гардида буд. Чиптаҳо аллакай ба фурӯш гузошта шудаанд. Нархи чипта ба як тараф 1,1 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.