ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Бино ба иттилои ширкати "Сомон Эйр", дар пайи омода накардани ҳуҷҷатҳои лозима барои анҷом додани парвози аввалини расмӣ дар самти Душанбе-Тошканд, директори тиҷоратӣ Алишер Рустамов ва дигар масъулон аз вазифа озод карда шуданд.
"Баъди аз ҷониби роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" гузаронидани таҳлили ҷиддии вазъи баамаломада, муайян гардид, ки бастаи ҳуҷҷатҳо аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" ба ҷониби Ӯзбекистон сари вақт ирсол нашудаанд",-омадааст дар иттилоия.
Шахсоне, ки дар вазъияти мазкур масъул буданд, аз ҷумла Директори тиҷоратӣ Алишер Рустамов ҷазо гирифта, аз кор озод шуданд.
Дирўз, 20 феврал аввалин парвози мунтазам дар самти Душанбе-Тошканд амалӣ нагашт. Аз фурудгоҳи Тошканд ба унвонии ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" хабар омад, ки то ҳол барои парвоз иҷозат гирифта нашудааст.
Ҷониби Узбакистон ин амали худро ба масоили амниятӣ рабт дода, гуфтанд, ки ҳуҷҷатҳои лозима аз ҷониби Тоҷикистон равон карда нашудаанд.
Ин хабар дар рафти таҳлилҳо аз ҷониби "Сомон Эйр" тасдиқ гардид.
Феълан миёни ширкатҳои ҳавопаймоии ду кишвар расмиёти фаннӣ мавриди ҳаллу фасл қарор доранд.
Интизор меравад, ки хатсайри Душанбе-Тошканд-Душанбе рӯзҳои наздик амалӣ шавад.