Шоҳ Салмон дар Тоҷикистон маркази милии таълимӣ месозад

Обуна шудан
Дар Тоҷикистон аз ҳисоби хазинаи Шоҳ Салмон маркази миллии таълимии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода сохта мешавад

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Бино би иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи ҶТ қарор аст, ки бинои маркази таълимӣ авоили моҳи тирамоҳи соли 2017 ба истифода дода шавад.

Имрӯз дар сафорати Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон созишнома оиди сохтмони маркази миллии таълимӣ миёни Тоҷикистон ва хазинаи Шоҳ Салмон ба имзо расонида шуд.

Боришоти барф дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Номаи Шоҳзода Карим Оқохони IV ба Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода

Гуфта мешавад, ки марказ бо мақсади рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ, ҳамчунин таҳкими сохторҳои мавҷудаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешавад.

Маркази таълимӣ барои омодасозӣ ва бозомӯзии наҷотдиҳандагон, ҳайати шахсии Кумита, омӯзиши роҳбарон ва намояндагони вазоратҳо,  ҳукуматҳо ва аҳолӣ дар масъалаҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, ҳамчунин дар оянда ҷалби наҷотдиҳандагони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон пешбинӣ шудааст.

© Фото : Аз хадамоти матбуоти КҲФЗимни имзои созишнома оиди сохтмони маркази таълимӣ дар Тоҷикистон
Имзои созишнома оиди сохтмони маркази таълимии КҲФ дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Зимни имзои созишнома оиди сохтмони маркази таълимӣ дар Тоҷикистон

Сохтмони марказ аз ҷониби хазинаи Шоҳ Салмон сармоягузорӣ мешавад. Қарор аст он аввали тирамоҳи соли ҷорӣ ба истифода дода шавад.

Лентаи хабарҳо
0