ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Шоҳзода Карим Оқохони IV бо ирсоли нома аз ҳамкориҳои Хазинаи Оқохон бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда изҳори миннатдорӣ намуда, хостори густариши бештари ин ҳамкориҳо дар оянда шудааст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти КҲФ ҶТ.
Гуфта мешавад, ки номаро санаи 2- юми феврали соли 2017 намояндаи доимии Хазинаи Оқохон дар Тоҷикистон Акбар Алӣ Песнани зимни вохӯрӣ бо раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ генерал-лейтенант Рустам Назарзода ироа кардааст.
Дар ҷараёни мулоқот раиси Кумита меҳмони олиқадрро бо корҳое, ки идораи ҳолатҳои фавқулодда меандешад ва ҳамзамон дар бораи фаъолиятҳои КҲФ, дар бораи корҳо оид ба пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ва бартарафсозии оқибатҳои он, оид ба фаъолияти воҳидҳои ҷудогонаи КҲФ нақл кард.
Дар навбати худ ҷаноби Песнанӣ рушди бемайлони муносибат миёни Хазинаи Оқохон ва КҲФ дар вақтҳои охирро зикр намуд ва хостори боз ҳам боло бурдани сатҳи ин ҳамкориҳо дар идораи ҳолатҳои фавқулодда шуд.
Намояндаи доимии Хазинаи Оқохон оид ба Рушд дар Тоҷикистон ҷаноби Песнанӣ ба раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда номаи миннатдории Шоҳзода Карим Оқохони IV —ро расонд. Дар ин нома Шоҳзода Карим Оқохон хостори густариши минбаъдаи ҳамкориҳо шудааст.
Гуфта мешавад, ки дар мулоқот як қатор масъалаҳои дигари барои ду ҷониб манфиатовар баррасӣ шуд.