Аввалин парвози Душанбе-Тошканд бекор гашт

Обуна шудан
“Сомон Эйр” натавонист аввалин парвози худро ба самти Душанбе- Тошканд ба анҷом расонад, зеро фурудгоҳи байналмиллалии Тошканд бо сабабҳои намоълум ба ширкат рад кард

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik.Аввалин парвози Душанбе-Тошканд қатъ гардид, хабар дод ба  РИА Новости муовини директори кулли ширкат Алишер Рустамов.

Ба нақша гирифта шуда буд, ки аввалин парвоз рӯзи душанбе ба анҷом расад, аммо ширкат натавонист ба Тошканд парвоз кунад.

"Аввалин парвоз бо сабаби рад кардани ҷониби Тошканд амалӣ нагашт",- хабар дод Рустамов.

Ҳавопаймои Смомон Эйр. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
25 соли интизорӣ: парвози хатсайри аввалин аз Душанбе ба Тошканд

Ба гуфтаи намояндаи ширкат сабаби рад кардани ҷониби Тошканд ҳоло маълум нест. Намояндаи "Сомон Эйр" ҳамчунин хабар дод, ки бояд 26 нафар ба Ӯзбакистон павроз мекарданд.

Ёдовар мешавем, ки охирҳои соли 2016 ҳукумати Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар барои барқарор намудани парвозҳо байни ин ду кишвар бо ҳам ба муросо омаданд. Санаи 10-уми феврал аввалин парвози техникӣ ба Тошканд сурат гирифт. Якҷоя бо ҳайъати ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон ва фурудгоҳ 20 мусофир ба Тошканд парвоз карданд.

Кушодашавии расмии парвозҳои мантазам бояд имрӯз- 20-уми феврал сурат мегирифт.

Парвозҳо байни Душанбе ва Тошканд солии 1992 аз замони  оғозёбии ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон қатъ гардида буд. Чиптаҳо аллакай ба фурӯш гузошта шудаанд.  Нархи чипта ба як тараф 1,1 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0