ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Кормандони полиси афғон яке аз роҳбарони гурӯҳи террористии "Алқоида" (мамнӯъ дар Тоҷикистон)-ро нобуд карданд, хабар медиҳад РИА Новости.
Амалиёти безараргардонии террорист дар қисми марказии кишвар гузаронида шуд: Сайфулло Ахтар- роҳбари ду лагери террористӣ ба ҳисоб мерафт, ки бо омода намудани ҷангиён машғул буд. Сайфуллоҳ Ахтар аллакай 30 ҳазор ҷангиёнро омода намуда зидди ҳукумати Афғонистон равон кардаст. Дар қатори ҷангиёни лагери мазкур шаҳрвандони Осиёи Марказӣ низ ҳастанд.
Мувофиқи маълумоти Дирексияи амнияти миллии Афғонистон аъзои гӯрӯҳи "Алқоида" санаи 9-уми январи соли равон дар музофоти Ғазнӣ кушта шудааст.
"Алқоида"- яке аз гурӯҳҳои калонтарини террористии байналмиллалии ваҳҳобӣ ба ҳисоб меравад.
Ташкилоти террористӣ соли 1988 ташкил шудааст. Пас аз баромадани кӯшунҳои советӣ аз ҳудуди Афғонистон "Алқоида" ҳадафи асосии худро мубориза бо ИМА ва тарафдорони он дар кишварҳои мусалмонӣ хонд. Мақсади дигари гурӯҳ сарнагун кардани низоми дунявӣ дар кишварҳои мусалмонӣ ва ташкил намудани "Хилофоти бузурги исломӣ" ба ҳисоб меравад.