ДУШАНБЕ, 6 мая — Sputnik. Дар Тоҷикистон нархи Ҳаҷ-2016 афзуд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон.
Арзиши ҳаҷ имсол 28,6 сомониро ташкил медиҳад.
Дар мувофиқа бо ширкати Арабистони Саудӣ пардохти хизматрасониҳои ҳаҷ имсол тариқи қурби асъори хориҷӣ (доллар) сурат мегирад. Афзудани қурби асъори хориҷӣ боиси баланл шудани нархи ҳаҷ гардид, гуфтанд дар Кумита.
Арзиши ҳаҷ бо асъори хориҷӣ ҳамоно 3,5 ҳазор доллар мемонад.
Маблағи мазкур маблағи пардохти чиптаи ҳавопаймо аз ду тараф, меҳмонхонаҳо дар Макка ва Мадина, хӯрок, боҷи шоҳӣ, пардохти маблағи қурбонӣ, суруғтаи тиббӣ ва дигар хизматрасониҳо мебошад.
Аввали тирамоҳи соли 2015 нархи сафар ба ҳаҷ 3,5 ҳазор доллар ё 22,9 ҳазор сомониро ташкил дод.
Имсол арзиши нархи сафар ба ҳаҷ 28,6 ҳазор сомонӣ мебошад.