ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik.Президенти Русия Владимир Путин вазири хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Асловро бо мукофоти "Дӯстӣ" сарфароз кард, хабар медиҳад смонаи интернетии маълумоти ҳуқуқӣ.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон "барои саҳми бузурги худ дар рушди муносибатҳои Тоҷикистону Русия, таҳкими дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ байни халқҳои тоҷику рус" ба мукофот сарфароз гардонида шавад,- омадааст дар фармони президнт.
Сироҷиддин Аслов — дипломати тоҷик, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. То расидан ба ин вазифа Аслов ҳамчун намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хизмат кардааст.
Мукофоти Дӯстӣ- мукофоти давлатии Федератсияи Русия мебошад, ки бо фармони Президенти Федератсияи Русия аз соли 1994 ташкил шудааст.
Мукофоти "Дӯстӣ"- панҷумин мукофоти баландмақоми Русия ба ҳисоб меравад.
Пештар хабар дода шуда буд, ки президенти Русия Владимир Путин 27-28-уми феврал ба Тоҷикистон сафар мекунад. Ба гуфтаи котиби матбуоти президент Дмитрий Песков сафари Путин ба бисёри манотиқи Осиёи Миёна сурат хоҳад гирифт.
Котиби матбуот изҳор дошта буд, ки ҷониби Русия ба сафари дар пешистода тайёрӣ мебинад. Ба гуфтаи вай, гап дар бораи иҷлосияи байниҳукуматии комисияи Тоҷикистону Русуя меравад.