Аслов бо Григорий Карасин муносибатҳои Тоҷикистону Русияро муҳокима кард

Обуна шудан
Имрӯз вазири вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо котиби давлатӣ , муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Григорий Карасин вохӯрд

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Ҳайати воломақоми Русия таҳти роҳбарии муовини вазири вазорати корҳои хориҷии ФР Григорий Карасин ҷиҳати иштирок дар машваратҳои байниидоравии сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Русия ба Душанбе омад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти вазорати корҳои хориҷии ҶТ.

Григорий Карасин. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Муовини вазири ВУХ-и Русия ба Тоҷикистон меравад

"Зимни мулоқот ҷонибҳо рушди мунтазами муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия бо қаноатмандӣ қайд карда, роҷеъ ба дурнамои самтҳои ҳамкориҳои мутақобилан судманд табодули афкор намуданд",-омадааст дар иттилоия.

Баъд аз мулоқот машваратҳои сиёсӣ оид ба мавзӯи дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва вазъ дар Осиёи Марказӣ баргузор шуд. Ҳайати ҷониби Тоҷикистонро муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшариф Ҳақдод роҳбарӣ кард.

Лентаи хабарҳо
0