25 соли интизорӣ: парвози хатсайри аввалин аз Душанбе ба Тошканд

CC BY-SA 2.0 / Lars Steffens / Boeing 737 Somon AirҲавопаймои "Смомон Эйр". Акс аз бойгонӣ
Ҳавопаймои Смомон Эйр. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Халқи бародари тоҷик ва узбек паврозҳои мустақимии Душанбе-Тошкандро 25 сол интизор буданд,изҳор дошт роҳбпри ширкати “Сомон Эйр” Томас Халам

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Барқароркунии хатсайрҳои Душанбе-Тошканд бо шарофати хиради роҳбарони ду кишвар даст дод, изҳор дошт роҳбари ширкати "Сомон Эйр" Томас Халам.

Ӯ қайд кард, ки "шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон ин лаҳзаро 25 сол интизоор буданд" ва барои аксари онҳо ин санаи муҳим аст.

Халам илова кард, ки ин кор бо шарофати хиради роҳбарияти ду кишвар, ки ба истиқболи ҳам рафтанд, даст дод.

Қаблан хабар дода шуд, ки ширкати "Сомон Эйр" дар бораи оғози фурӯши чиптаҳо хабар дод.

Ҳамин тавр нархи як чипта аз Душанбе то Тошканд 1164 сомонӣ арзиш дорад.

Ёдовар мешавем, ки ифтитоҳи парвози расмии Душанбе-Тошканд санаи 20-уми феврали соли равон оғоз мешавад.

Лентаи хабарҳо
0