ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Ин маҷалла ба муносибати 25-умин солгарди роҳандозии равобити сиёсӣ миёни Тоҷикистону Туркия мунташир шудааст.
Бино ба хабари Хадамоти матбуотии Вазорати умури хориҷии Туркия, ин маҷалларо Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Анқара дар ҳамкорӣ бо Шурои равобити иқтисодӣ ва рӯзномаи "Dünya" омода кардааст.
Рӯи ҷилди ин маҷалларо ки бо шуморгони 67 ҳазор адад мунташир шудааст, акси раҳбарони Тоҷикистон ва Туркия Эмомалӣ Раҳмон ва Раҷаб Тайиб Ӯрдуғон чоп шудааст.
Маҷалла матолиберо дар бораи равобити сиёсиву иқтисодии ду кишвар дар бар мегирад ки муовини нахуствазири Туркия Йилдирим Туғрул Туркеш, вазири маориф ва илми Туркия Фаррух Ӯзлу, вазири рушди иқтисод ва бозаргонии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири саноати ҶТ Шавкат Бобозода, сафири ҶТ дар Туркия Муҳаммадалӣ Раҷабиён ва дигарон ба забонҳои русӣ ва туркӣ омода кардаанд.
Ин коршиносон масоили ҳамкориҳои иқтисодии дуҷониба, аз он ҷумла, содироту воридот, сармоягузорӣ ва густариши равобити иқтисодиву бозаргониро баррасӣ кардаанд.