ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Мақомоти ноҳияи Зафарободи Ҷумҳурии Узбакистон бо мақсади иҷрои дастури президент Шавкат Мирзиёев ба ҳар хоҷагӣ 20-сарӣ мурғ дод.
Чанде қабл ҳукумати Ҷумҳурии Узбакистон бо мақсади паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ чораандешӣ намуд.
Қарор шуд, ки ба ҳар як оилаи камбизоат 20 сарӣ мурғ дода шавад. Мурғҳо аз ҳисоби маблағи тоҷирон харидорӣ карда шуданд.
Ҳамин тавр ба қавли намояндаи мақомоти ноҳия, Қодир Ризоев аллакай ба 257 хоҷагӣ 20-сарӣ мурғ дода шуд.
Қаблан президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев зимни сафар ба Қарақалпакистон бо мақсади паст кардани сатҳи камбизоатӣ, пешниҳод кард, то мардум ба паррандапарварӣ машғул шаванд.