Ёдовар мешавем, овозхонҳое, ки фаъолияти худро ҳамчун соҳибкори инфиродӣ бо роҳи патент ба роҳ монда буданд, акнун ба ҷойи 633 сомонии пештара, 540 сомонӣ месупоранд.
Sputnik Тоҷикистон вобаста ба ин навгонӣ дар соҳаи андози Тоҷикистон, дар байни якчанд овозхонҳои кишвар пурсиш ба амал овард.
Ҳамин тавр, Нигина Амонқулова яке аз ҳунармандони машҳур мегӯяд, шаш сол аст, ки фаъолияти худро тариқи патент ба роҳ мондааст.
Ҳунарманд мегӯяд, супоридани маблағи иҷозатнома барояш мушкил набуд, зеро вай аз рӯйи даромади хеш ба андоз маблағ месупорид.
"Баробари ин иқдоми ҳукуматро дар бораи кам кардани андоз пурра дастгирӣ мекунам, зеро дар шароити имрӯзаи бӯҳрони иқтисодӣ овозхонҳо фаъолияти худро камтар озодтар ба роҳ мемонанд ",- мегӯяд Нигина Амонқулова.
Як ҳунарманди дигари тоҷик, ки хост номашро ифшо накунем, изҳор дошт, ки маблағи андоз аз ҳисоби фаъолияти овозхонӣ дар тӯю маъракаҳо барояш гарон афтод.
"Ман 633 сомонӣ не, 700 сомонӣ месупоридам",- изҳор дошт ӯ ҳангоми сӯҳбат.
Агар 540 сомонӣ шуда бошад ҳам, ман дигар патент карданӣ нестам. Зеро ҳоло туйгарӣ дар Тоҷикистон умуман кам шудааст ва ин хароҷоти зиёдатӣ ба ман лозим нест, илова намуд вай.
Аммо як овозхони дигар бо номи Хушбахт Усмонов, ки дар хизхмати сокинон туйкун қарор дорад, ҷиҳати дигари фаъолияти соҳибкоронро муайян кард.
Ба гуфтаи вай ҳам, ҳарчанд патент ба 12 моҳ, яъне тамоми сол кушода шавад, барои овозхонҳо дар фасли сармо умуан "кор" нест ва 633 сомонӣ маблағи калон ба ҳисоб меравад.
"Аввалҳо 350 сомонӣ, баъд 400 сомонӣ, 450 сомонӣ 550 сомонӣ ва баъдтар 633 сомонӣ месупоридем",- мегӯяд Хушбахт.
Аз баски кори мо мавсимӣ аст, мо фақат дар моҳҳоим июн, июл ва август фаъолият мекунем ва дар фаслҳои зимистон мо кор карда наметавонем, илова намуд ӯ.
"Аз ҳамин сабаб, ман чанд бор маҷбур шудам, ки патентамро бандам. Зеро маблағи онро дода наметавонистам",- илова намуд Хушбахт Усмонов.
Ба гуфтаи овозхон ҳоло бар асари бӯҳрони иқтисодӣ мардум камтар тӯй мекунанд ва рақобат калон шудааст.
Аз ҳамин сабаб, поён рафтани нархи андоз барои овозхонҳо камтар бошад ҳам шароит меорад, ки ман албатта хурсанд шудам, гуфт вай.
Ихтиёр Бобоев, барандаи туй ва маърака, мегӯяд вай новобаста аз кам шудани муштариёнаш дар фасли зимистон андоз месупорад.
"Ман, тобистон хело ба тӯйу маъракҳои зиёд меравам ва ҳеҷ гоҳ патентам намебандам ва ҳар моҳ маблағи онро ба андоз месупорам, гуфт Ихтиёр Бобоев дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.