ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Овозхонҳои шинохтаи Тоҷикистон- Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед, Афзалшоҳ Шодиев, Меҳрнигори Рустам, Гулрӯ Табарова ва Сарвиноз Юсуфӣ чандин маротиба қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳро нақз карда, ин аъмоли онҳо тариқи дурбинҳои "Шаҳри бехатар" сабт шудааст, иттилоъ медиҳад сомонаи ВКД ҶТ.
Ба иттилоъи манбаъ, сарнишини автомашинаи "Рэнҷ-Ровер", ки ба Фарзонаи Хуршед тааллуқ дорад, аз 15 ноябри соли 2013 то 23 июни соли 2015, 23 далели вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳро содир карда, онҳо тавассути воситаҳои махсуси техникии низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт сабт гардидаанд.
"Барои 18 ҳолат Фарзонаи Хуршед 4990 сомонӣ ҷаримаро ба буҷаи давлат супорида, ҷарима 5 ҳолати дигар ҳанӯз пардохт нашудааст",- омадааст дар хабар.
Ҳамзамон, нақлиёти "Порше-Кайэн"-и Шабнами Сурайё аз моҳи феврали соли 2014 то августи соли равон 8 ҳолати нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро содир намуда, ҷаримаи он то ҳол пардохт нагардидааст.
ВКД мегӯяд, Афзалшоҳ Шодиев низ бо автомашинаи тамғаи "Тойота-Лэнд Крузер" аз ноябри соли 2013 то моҳи августи соли 2015, 27 бор қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон намудааст ва барои 12 далели қоидавайронкунӣ 2560 сомонӣ ба буҷаи давлат супорида, ҷаримаи 15 далели боқимондаро напардохтааст.
Нақлиёти хориҷии тамғаи "Мазда-СХ7", ки ба овозхони тоҷик Сарвиноз Юсуфӣ тааллуқ дорад, аз моҳи декабри соли 2013 то моҳи июли соли равон ҳашт далели вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳро содир кардааст, аммо ҷаримаи он то ҳоло пардохт нашудааст. Инчунин, сароянда Гулрӯ Табарова тайи шаш моҳи ахир бо "Лексус-GX470" се дафъа қоидаи ҳаракати роҳро вайрон карда, ҷаримаҳоро насупоридааст.
Дар ҳамин ҳол, Меҳрнигори Рустам, овозхони ҷавони тоҷик низ, ки соҳиби "Тaйотоа-Королла" мебошад, аз моҳи ноябри соли 2013 то августи соли равон 19 бор қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон намудааст.