Қочоқбарон аз 200 миллион рубл маҳрум шуданд

© Фото предоставлено Федеральной службой РФ по контролю за оборотом наркотиков Маводи мухаддир. Акс аз бойгонӣ
Маводи мухаддир. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Се қочоқбари тоҷик, як узбек ва ду рус ният доштанд 20 кило маводи мухадирро аз татаристон ба Маскав интиқолд диҳанд

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Бино иб иттилои хабаргузории РИА Новости намояндагони ФСБ-и Русия дар Татаристон гурӯҳи қочоқбаронро дастгир карданд.

Аз се шаҳрванди Тоҷикистон ду зодаи Русия ва як намояндаи Узбакистон 20 кило маводи мухаддир дарёфт ва мусодира гардид. Тибқи маълумоти оҷонсӣ маводи мухаддир эҳтимолан аз Афғонистон тариқи Тоҷикистон ба Татаристон интиқол дода шудааст.

Нобуд кардани маводи мухаддир дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Роҳҳои паҳншавии маводи мухаддир дар ҷаҳон: гардиши ҳероин ба кӣ бештар фоида меорад?

Фурӯши  20 кило маводи мухаддир бояд ба қочоқбарон 200 миллион рубл фоида меовард.

Дар ҳуҷҷат гуфта мешавад, ки "маводи мухаддир аввал ба Татаристон ва баъдан 10 килограммӣ ба Маскав интиқол дода шуд".

Ин дар ҳолест, ки роҳбари Агентии назорати маводи мухаддири ҶТ Шерхон Салимзода, қайд намуд, ки қочоқбарон дар вақтҳои охир хатсайрҳои худро дигар кардаанд.

Шерхон Салимзода хабар дод, ки соли гузашта ба хотири дастгир нашудан, шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз афташ хатсайрҳои чоқочбариро хеле хуб медонад, дар сарҳади Афғонистон бо Эрон бо 137 кило ҳероин дастгир гардид.

Лентаи хабарҳо
0