Консерти Нигина Амонқулова дар Маскав ва Петербург

© Фото : из личного архива Нигины АмонкуловойНигина Амонқулова
Нигина Амонқулова - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нигина Амонқулова сарояндаи саршиноси тоҷик дар арафаи Наврӯз бо вижасафарҳои ҳунарӣ ба Маскав ва Петербург меравад

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Дар бораи консертҳои ҳунарии Нигина Амонқулова дар саҳифаи расмии сароянда хабар дода мешавад.

Ҳамин тавр консерти Нигина Амонқулова дар шаҳрҳои бузургтарини Русия-Маскав ва Сантк Петербург баргузор мегардад.

 

Гуфта мешавад, ки консерти ин бонуи ҳунар дар шаҳри Маскав санаи 21-уми марти соли 2017 соати 19.00 дар  толори театри "Русская песня" баргузор шуда, пас аз ду рӯз, санаи 23-юми ҳамин моҳ дар шаҳри Санкт Петербург гузаронида мешавад.

Шабнами Сурайё - Sputnik Тоҷикистон
Кадом ситораҳои эстрадаи тоҷик соли 2016 дар саҳнаҳои Русия ҳунарнамоӣ карданд

Дар пойтахти шимолии Русия консерти овозхони тоҷик дар толори консертии Октябр, санаи 23-юми март, соати 17.00 баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Нигина Амонқулова соли гузашта низ дар арафаи ҷашни Наврӯз дар шаҳри Маскав ва Санкт-Петербург консерти ҳунарӣ баргузор карда буд.

Қаблан хабар  дода шуд, ки Нигина Амонқулова сарояндаи маҳбубтарини сол эълон гардида, аз ҷониби ширкати "Тоҷиккристалл" соҳиби нишони тиллоӣ гардид.

Нигани Амонқулова 30-юми январи соли 1986 дар шаҳри Панҷакент ба дунё омадааст. Замони кӯдакии ӯ дар ҳамин шаҳр сипарӣ шудааст. Нигина Амонқулова дар Тоҷикистон баъди иштирок дар ҷашнвораи "Андалеб" ва иҷрои суруди "Ин шабе буд.." машҳур шуд.

Нигина Амонқулова аз дигар овозхонони тоҷик бо сабки хос, истифодаи фаъоли матои атлас, ва чеҳраи тоҷикона фарқ мекунад.

Лентаи хабарҳо
0