Sputnik Тоҷикистон тасмим гирифт ҳунарнамоии сарояндагони саршиноси эстрадаи тоҷикро дар саҳнаҳои бузурги Русия дар соли 2016 ба ёд орад.
Гурӯҳи "Шамс"
Гарчанде гурӯҳи "Шамс" аввали соли 2016 ба Русия на ба хотири намоиши консерт, балки барои истироҳат омада бошад, хоҳиши бузурги мухлисон онҳоро водор сохт на танҳо дар шаҳри Маскав, ки аксарияти тоҷикон ин ҷо кор ва зиндагӣ мекунанд, балки дар пойтахти шимолии Русия-Санкт-Петербург ва Екатеринбург низ консерт баргузор кунанд. Албатта ягон консерти гурӯҳи "Шамс" бидуни суруди "Ба Лалазор" нагузашт.
Нигина Амонқулова
Нигина Амонқулова-сарояндаи саршиноси тоҷик, дар арафаи ҷашни Наврӯз муҳоҷирони тоҷикро бо барномаи консертӣ табрик кард. Консерти Нигина Амонқулова моҳи март дар Маскав ва Сакт Петербург баргузор шуд. Нигина бо суруди —"Ёри муҳоҷир" аз ҳамватанон даъват кард, то ватан, зану фарзанд, хешу таборро фаромӯш накунанд ва ба хона баргарданд.
Оилаи Назаровҳо
Далер Назаров, Парвиз Назаров, Ситора Назарова-ҳунармандони машҳури тоҷик низ дар арафаи Соли нави миллӣ бо барномаи консертии "Шогун баҳор муборак" дар толори "Россия" дар Маскав ҳунарнамоӣ карданд. Мухлисон аз баромади ситораҳои ҷавон-Парвиз Назаров ва Ситора Назарова ҳаловат бурданд, вале барои касе пинҳон нест, ки аксари тамошобинон танҳо ба хотири Далер Назаров ба консерт омада буданд.
Шабнами Сурайё ва Ҷонибек Муродов
Гарчанде консерти Шабнами Сурайё ситораи эстрадаи тоҷикро ҳамватанони бурунмарзӣ дер боз интизор шуда бошанд ҳам, толори консертии "Россия" пур нашуд. Ташкилкунандагони консерт сабабашро хабар набудани тоҷикони муқими Маскав гуфтанд. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда Шабнам тавонист мардуми толорро бо сурудҳои худ ба рақс дарорад. Шабнам ҳамроҳ бо сарояндаи хушовоз Ҷонибек Муродов моҳи май бахшида ба 25-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург ва Екатеринбург ҳунарнамоӣ кард.
Саши Заифӣ
Саши Заифӣ-ягона барди тоҷик гуфт, ки барояш баргузории консерт дар Маскав чун зинда мондан дар Африқо буд. Вале ба ҳамаи мушкилиҳо нигоҳ накарда, консерти Саши Заифӣ моҳи октябр, ду рӯз пайи ҳам дар Маскав гузаронида шуд. Агар Нигина Амонқулова бо суруди "Ёри муҳоҷир" тоҷикони муқими Русияро ба ёд кардан аз ёру диёр давъват карда бошад, Саши Заифӣ гуфт, ки ҷои тоҷикон Тоҷикистон аст на Русия. Шояд сухани Саши Заифӣ ба муҳоҷирони тоҷик таъсир кард, чун мувофиқи омори ВКХ-и Русия шумораи муҳоҷирони тоҷик дар қиёс бо соли гузашта чанд маротиба кам шудааст.
Далер Назаров
Ҳунарманди саршиноси тоҷик, оҳангсоз маэстро Далер Назаров соли 2016 ба Русия чанд сафари ҳунарӣ дошт. Дар баробари иштирок дар консерти "Шогун баҳор муборак" ҳамроҳ бо Парвиз, Ситора ва Аброр, ӯ моҳи май ба хотири ёдбуди роҳбари ансамбли "Гулшан" Равил Фасахов ва махсус барои иштирок дар консерти бошукӯҳ бахшида ба 80-солагии пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ ба Маскав омада буд.
Овозхонон аз Бадахшон
Ақназар Аловатов, Самандар Пӯлодов, Мутриб Шоискандаров, Мадина Ақназарова, гурӯҳи "Зафар"- гарчанде сарояндагони машҳури Бадахшон роҳи дарозро тай карда ба Маскав омада бошанд, консерти алоҳидаи ягон сарояндаи дар боло зикршуда дар Маскав баргузор нашуд. Ҳамаи онҳо ба хотири иштирок дар ҷашни 80-солагии пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ ба Русия омада буданд.
Бобоҷони Амонуллоҳ
Бобоҷони Амонуллоҳ сарояндаи ҷавони тоҷик бо даъвати дӯсташ ба Маскав омада буд. Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз ҳузӯри ӯ огоҳ шуда, ӯро ба консерт бахшида ба шоми фарҳанги Тоҷикистон дар Русия даъват кард. Баъд Бобоҷони Амонуллоҳ баръакси овозхонон аз Бадахшон, қариб ки дар тамоми шаҳрҳои Русия бо барномаҳои консертӣ дили ҳамватанонро шод кард.
Ӯ дар арафаи Соли нави мелодӣ дар Маскав, Екатеринбург, Якутия, Навосибирск, Барноул, Қазон ва Уфа ва дигар шаҳрҳо, ки дар он шаҳрвандони Тоҷикистон кор ва зиндагӣ мекунанд, ҳунарнамоӣ намуд.