ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Хадамоти матбуоти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки президенти Италия эътимодномаи сафири Тоҷикистонро қабул кард.
Баъд аз маросими супоридани эътимоднома Исматулло Насрединов бо президенти Ҷумҳурии Италия сӯҳбат кард.
Зимни мулоқот Насрединов салому дуруди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳамтои италиявиаш расонид.
Президенти Ҷумҳурии Италия, дар ҷавоб изҳори сипос намуда, аҳаммияти таъйини Сафири Тоҷикистонро дар кишвари худ барои рушди робитаҳои дуҷониба таъкид кард.
"Ҷонибҳо дурнамои муносибатҳои ду кишвари дӯстро дар самтҳои гуногун муҳокима намуданд",-омадааст дар хабарнома.
Дар анҷоми сӯҳбат президенти Ҷумҳурии Италия ба роҳбарият ва мардуми Тоҷикистон комёбиҳо ва пешравиҳоро таманно намуд.