ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Ҳунармандони ансамбли академияи рақси ба номи Игор Моисеев дар форуми 5-уми АвруОсиё дар шаҳри Верона дар саҳнаи театри "Филармонико" баромад мекунанд.
Ансамбл ба мухлисони рақс барномаи "Рақсҳои мардуми ҷаҳон"-ро пешкаш менамоянд, хабар медиҳад торномаи ташкилот.
Тамошобинон бо рақсҳои халқҳои гуногун аз қабили-рақсҳои халқи рус, рақси колмикӣ, рақси молдовӣ, рақси ҷугиҳо, рақси бессарабӣ, рақси гурӯҳии юнонии "Сиртаки", рақси помирӣ, рақси узбекӣ, рақси чӯпонони аргентинӣ "Гаучо", рақси гурӯҳии "Яблоко" ва "Тарантелуи ситсилиягӣ" шинос хоҳанд шуд.
Ансамбли давлатии академии рақсҳои халқӣ ба номи Игор Моисеев соли 1937 аз ҷониби хореограф ва ҳунарманд Игор Моисеев ташкил карда шудааст.