Salom ҷои Viber-ро танг мекунад: барномаи нави миллӣ дар Тоҷикистон

CC BY 2.0 / Pittaya Sroilong / Nexus OneТелефон. Акс аз бойгонӣ
Телефон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Beeline Salom хизматрасонии ҷадидест, ки бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ барои муштариён пешниҳод шуда, имкони фиристонидани смс паёмакҳо ва зангҳои телефониро дорад

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Билайн барои муштариёни худ мессенҷери нав таҳти унвони Beeline Salom пешниҳод мекунад.

Бино би иттилои дафтари матбуотии ширкати мобилӣ, ин  барнома имкон медиҳад, то тариқи зангҳо ва смс паёмакҳо, шахс бо тамоми ҷаҳон дар тамос шавад.

Нишонаи  Beeline , акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
“Билайн” мехоҳад Тоҷикистонро тарк кунад

Ин барнома ҳамранги хизматрасониҳои машҳури ҷаҳонии WhatsApp, Viber  ва Telagram мебошад.

Дар барнома аксҳои компютерӣ бо сабки тоҷикона ҷой дода шудаанд. Ҳамчунин қайд мешавад, ки хизматрасонӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дастрас мешавад.

"Мо ин хизматрасониро махсусан барои муштариёнамон барои қулай будан, ба роҳ мондем. Бовар дорам, ки хизматрасонии мо натанҳо миёни муштариёни Билайн балки дигар шабакаҳои мобилӣ низ машҳур хоҳад шуд",-гуфт роҳбари молиявии "ТАКОМ" (Билайн) Александр Атаманов.

Барои истифодаи хизматрасонӣ танҳо ба шабакаи интернет пайвастан лозим аст. Барои муштариёни Билайн ин хизматрасонӣ ройгон буда, суратҳисоби интернети онҳо кам нахоҳад шуд.

Дар айни замон хизматрасонии Beeline Salom дар ҳолати озмоишӣ қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0