Дар Душанбе ВАО-ро дар ноҷур кардани Тоҷикистону Русия айбдор намуданд

© SputnikМизи мудаввар дар Душанбюе бахшид аба 25-осли муносибатҳои Тоҷикистону Русия. Акс аз бойгонӣ
Мизи мудаввар дар Душанбюе бахшид аба 25-осли муносибатҳои Тоҷикистону Русия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муносибатҳои 25-солаи Тоҷикистону Русия бо сабаби фаъолияти васоити ахбори оммаи ҳар ду кишвар дар вазъияти кандашавӣ қарор дорад

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Зимни ҷаласаи "Муносибатҳои Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки дирӯз дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, рӯзноманигорони ҳар ду кишвар дар бад кардани муносибатҳои байни ду мамлакат айбдор карда шуданд.

Ба қавли иштирокдорон сабаби ниҳоӣ, масъалаи алоқаи ҳавоии байни ду кишвар буд, ки васоити ахбор ба он диққати дуруст равона кард.

Абдулло Раҳнамо сардори раёсати таҳлили хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ гуфт:  "Мушкилоти ночиз ҳама вақт байни шаҳрвандони ду кишвар буд ва мемонад. ВАО бошад ба муносибатҳои 25-солаи ҳар ду кишвар нигоҳ накарда, мекӯшад нофаҳмиҳои байнидавлатиро барангезад".

Ба қавли ӯ дар вақтҳои охир мақолаҳои духӯраи журналистон дар бораи ба кадом самт равон будани Тоҷикистон зиёд шудааст.

Абдулло Раҳнамо дар идомаи сӯҳбат ҳушдор дода гуфт: "Мехоҳам ба ҳамагон ҷавоб диҳам, ки Русия доиман шарики стратегии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Мавқеъи мо дар муносибатҳо-ин чизест, ки дар шартномаҳои расмии байнидавлатӣ дарҷ гардидааст, на каму на беш. Ҳамаи дигар мавқеъҳо аз ҷумла нигоҳи ин ё он журналист ё ВАО набояд аҳамият дошта бошад, то кулли ҳамкориҳои ду кишварро зери хатар гузорад. Ин хеле хатарнок аст".

Гавхар Шарофзода роҳбари Кумитаи забон ва истилоҳоти ҶТ - Sputnik Тоҷикистон
Дуруст бинавис: $6 ҷарима барои риоя накардани меъёри забони давлатӣ

Директори маркази таҳлилии Донишгоҳи Маскав оид ба кишварҳои пасошӯравӣ Сергей Рекеда мавқеъи Абдулло Раҳнаморо дастгирӣ карда, қайд намуд, ки дар майдони хабаргузорӣ ҳастанд гурӯҳҳое, ки манфиатдори бадшавии муносибатҳои Тоҷикистону Русия мебошанд.

"Имрӯз дар майдони ВАО-и Русия на ҳамаи оҷонсиҳои хабарӣ ба Русия тааллуқ доранд ва табиатан хабарҳо мавқеъи ҳарранга доранд. Ҳалли ин масъаларо ман дар ҳамгироии бештар миёни майдонҳои хабарии Тоҷикистону Русия ва пеш аз ҳама байни журналистони ду кишвар мебинам. То ҳар яки онҳо дорои имкони баҳогузории вазъият аз дохилро дошта бошанд",-қайд кард Рекеда.

Ба гумони директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар, аксари хабарҳои бардурӯғ маҳз тариқи ВАО-и Аврупо, ки бо забони русӣ нашр мешаванд, паҳн мегарданд. Ӯ бовар дорад, ки чунни хабарҳо фурӯшӣ мебошанд.

© SputnikЗинми мизи мудаввар бахшида ба 25-солагии муносибатҳои Тоҷикистону Русия
Директор Центра стратегических исследований при президенте РТ Худоберди Холикназара (в центре) - Sputnik Тоҷикистон
Зинми мизи мудаввар бахшида ба 25-солагии муносибатҳои Тоҷикистону Русия

 

"Ин муқобилияти давлатҳои пурқудрат дар майдони хабарӣ ҳаст. Онҳо ба мо зарар доранд. Барои ҳамин ба ман гуфтори Владимир Путин, ки чунин хабаргузориҳои хориҷаро ба ҷосус баробар кард, писанд аст. Чун ҳамин тавр аст",-гуфт Худобердӣ Холиқназар.

Натиҷаҳои ҳамкорӣ

Ба фикри аксари коршиносон 25-соли ҳамкории дипломасӣ барабас нарафт. Ҳамин тавр ба қавли сафири Русия дар Тоҷикистон Лякин Фролов, новобаста ба бӯҳрони ҷаҳонӣ додугирифти байни ду кишвар зиёда аз $1миллиард-ро ташкил дод.

"Ҳаҷми сармоягузории Русия дар Тоҷикистон зиёда аз 1,7 миллиард доллар аст. Дар кишвар зиёда аз 130 ширкатҳҳои бо капитали русӣ ва омехта фаъолият мекунанд. Лоиҳаи бузургтарини Русия дар Тоҷикистон нерӯгоҳи Сангтуда мебошад. Ширкатҳои мобилии "Мегафон" ва "Таком" ба иқтисодиёти Тоҷикистон беш аз 50 миллион доллар сармоягузорӣ кардаанд",-қайд кард сафири фавқуллода ва мухтори ФР дар ҶТ.

Ба қавли ӯ рушди муносибатҳоро дар соҳаҳои низомӣ ва техникӣ низ бояд қайд кард. Мисоли рӯшани он ҳузури Пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон мебошад.

Сафири Русия дар Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ки "дар макотиби олии низомии Русия ҳамасола зиёда аз 600 нафар таҳсили илм намуда, то ҳазор нафар низмоиёни тоҷик дар назди пойгоҳи 201-ум  таълим дода мешаванд".

Дар идомаи сӯҳбат Лякин Фролов соҳаи маорфиро мисол оварда гуфт, ки айни замон дар донишгоҳҳои Русия зиёда аз 20 ҳазор толибилм аз Тоҷикистон таҳсил менамоянд. Беш аз 20 сол донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русия дар тарбияи мутахассисони кордон саҳм мегузорад.

Лентаи хабарҳо
0