Дуруст бинавис: $6 ҷарима барои риоя накардани меъёри забони давлатӣ

© Sputnik / Махпора КиромоваГавхар Шарофзода роҳбари Кумитаи забон ва истилоҳоти ҶТ
Гавхар Шарофзода роҳбари Кумитаи забон ва истилоҳоти ҶТ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Барои риоя нашудани меъёрҳои забони давлатӣ дар давоми соли 2016 дар Тоҷикистон 45660 сомонӣ (тақрибан 6 ҳазор доллар) ҷарима ситонида шудааст

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон дар сои 2016 номгузории 78 муассисаю корхона, марказҳои хизматрасонӣ ва марказҳои савдо тафтиш карда шуд.

Чуноне роҳбари Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода қайд кард, дар умум дар 78 муассисаю корхона, марказҳои хизматрасонӣ ва марказҳои савдо тафтишот гузаронида шуд.

Дар натиҷаи тафтишот соҳибони марказҳои савдо ҷарима карда шуданд.

"Ҷарима барои шахсони воқеӣ 800 сомонӣ ва барои шахсони ҳуқуқӣ 1600 сомониро ташкил медиҳад",-гуфт роҳбари кумита.

Логотип на одежде магазина iamdifferent - Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи забон: мағозаи “I am different” ислоҳи ном кунад

Ҳамчунин Шарофзода қайд кард, ки дар назди Кумитаи забон ва истилоҳоти ҶТ комиссияи махсус такшил шудааст, ки риояи меъёрҳои забони давлатиро  дар ВАО дар интернет, барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ тафтиш мекунад. Эҳтимол меравад, ки дар сутрати вайрон кардани қонун, рӯзноманигорон низ ҷарима карда мешаванд.

"Ин масъала ҳоло дар баррасии кумита қарор дорад ва дар ояндаи наздик мо пурра  дар бораи он хабар медиҳем",-гуфт Шарофзода.

Ӯ қайд намуд, ки забони тоҷикӣ имлои худро дорад, ки бояд риоя шавад. Ҳамчунин ӯ гуфт, ки рӯзноманигорон дар аксар маврид истилоҳоти нофаҳморо истифода мебаранд, ки ба хонандагон, шунавандагон ва тамошобинони барномаҳои телевизионӣ нофаҳмоянд. Бо ин роҳ меъёри забони тоҷикӣ вайрон мешавад.

Бино ба иттилои ВАО-и маҳаллӣ  Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон  Фарҳанги дуҷилдаи номҳои миллии тоҷикиро омода намудааст, ки он омодаи нашр аст.

Лентаи хабарҳо
0