ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон намояндагони КҲФ ронандаи автомошинаи "Ниссан"-Бахтиёр Шафиевро аз зери зери тарм наҷот доданд.
Ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда шаҳрванде занг зада ва кӯмак хостааст. Аз суханонаш маълум гардид, ки мошине дар роҳи Душанбе-Хуҷанд зери тарма мондааст.
Дар рафти корҳои ҷустуҷӯӣ, наҷотдиҳандагони Кумита, ки дар 72-умин километри роҳи Душанбе-Хуҷанд қарор доранд, мошини тамғаи "Ниссан"-ро, ки аз ҷониби шарҳванди 47-сола Бахтиёр Шафиев идора мешуд, аз зери ғарами барф берун кашиданд.
Дафтари матбуоти Кумитаи менависад, ки "Наҷотдиҳандагон ба таври фаврӣ аввалин кӯмаки тиббӣ расонда, Бахтиёрро гарм карданд ва ғизои гарм доданд".
Ҳодиса дар километри 71-уми роҳи мошингарди Душанбе- Хуҷанд рух додааст. Дар айни замон ҳолати ҷабрдида худ буда, ӯ ба ҷойи амн интиқол дода шудааст.
Бояд гуфт, ки баландии ғарами барфи тарма 5 метр буда, масоҳати умумии 12 метрро дар бар гирифта буд.
Ин ҳодисаи ягона дар давоми шабонарӯзи гузашта набуда, ҳамчунин дар роҳи Душанбе-Хуҷанд мошини дигар бо 5 мусофир дармондааст.
Дар шароити номусоид мошин натавонист аз ғарами барф озод шуда, ҳаракатро идома диҳад. Наҷотдиҳандагон мошинро аз зери тарма халос карда, ба мусофирон кӯмак карданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад аз сафарҳо ба манотиқи тармахез то 18-уми феврал худдорӣ кунанд.