Сатҳи таваррум дар Тоҷикистон нархи маҳсулотро боло бурд

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкПешгӯии сатҳи таваррум. Акс аз бойгонӣ
Пешгӯии сатҳи таваррум. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар давоми моҳи аввали соли 2017 ҷаҳиши таваррум ба нархи маҳсулоти хурохворӣ, маҳсулоти ғайриозуқа ва хизматрасонӣ таъсир кард

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik.  Бино ба  иттилои торномаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон сатҳи таваррум дар давоми моҳи январи соли 2017 дар Тоҷикистон 0,6%-ро ташкил дод.

Нишондиҳандаҳои солона аз моҳи январи соли 2016 то ҳамин моҳи соли 2017 нишон медиҳанд, ки сатҳи таваррум дар Тоҷикистон дар сатҳи 5,3% қарор дорад.

Шаҳрвандони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Қонуни нав шаҳрвандони Тоҷикистонро аз зӯроварии бонкдорон муҳофизат мекунад

Таварруми моҳи январ ба нархи маҳсулот дар Тоҷикистон таъсир расонид.

Дар соли равон Бонки миллии Тоҷикистон нақша дорад таваррумро дар сатҳи 7% нигоҳ дорад.

Қаблан хабар дода шуд, ки афзоиши сатҳи тавваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон вобаста ба натиҷаи соли 2016-6,1 фоизро ташкил дод.

Дар давоми як сол нархи маҳсулоти ғизоӣ то 6,8% афзуда, барои маҳсулоти ғайриозуқаворӣ 5,7 фисадро ташкил дод.

Лентаи хабарҳо
0