ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik.Аммо сафири Тоҷикистон дар Кобул Шарифиддин Имомов иддиъои онҳоро ки гӯё Русия тавассути Тоҷикистон ба гурӯҳи ҳаросафкани "Толибон" аслиҳа медодааст, "дурӯғи маҳз" хонд.
Сафири Тоҷикиситон ин изҳоротро дар посух ба иддиъоҳои фармондеҳи нерӯҳои Амрико дар Афғонистон Ҷон Николсон баён намудааст.
Ҷон Николсон дар нишасти Кумитаи умури неруҳои амрикоӣ дар Афғонистон дар Сенои ИМА гуфта буд, ки Русия, Эрон ва Покистон аз гурӯҳи "Толибон" пуштибонӣ мекунанд.
Пештар аз ин намояндаи маҷлиси Афғонистон Абдулвадуд Паймон иддиъо карда буд, ки "Толибон" аз Русия кумак дарёфт мекунад ва гуфта буд ки "контейнерҳо бо ҷангафзорҳо шабона аз рӯди Панҷ гузаронда ва ба ноҳияҳои Дашти Арчи ва Дарқади Афғонистон интиқол дода мешаванд".
Сафири Тоҷикистон афзуд ки Паймон дар суҳбат бо вай гуфтааст ки ин иттилоъотро аз мардуми он маҳалл дарёфт карда ва дигар ҳеч санаду далеле надорад.
"Паймон дертар аз ин ки ин овозаҳоро расонаӣ кард, пушаймонӣ кард ва пӯзиш хост", — гуфт Шарифиддин Имомов ва афзуд, ки чунин изҳорот дурӯғи маҳз шумурда мешаванд.
Пештар Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар робита бо иддиъоҳои сафири Афғонистон дар Русия Абдулқаюм Кучӣ, ки Тоҷикистонро "кишваре дорои мофиёи қавӣ" хонда буд, расман эътироз карда буд. Ҳамчунин волии вилояти Қундуз низ Тоҷикистонро муттаҳам ба ҳамкорӣ бо гурӯҳи "Толибон" карда буд ки дар посух ба он ВКХ Тоҷикистон изҳори таассуф карда буд.