Сарвар Бахтӣ: Тоҷикистон ба сафири Афғонистон оҳанги эътироз баён намуд

© Фото : страница Сарвара Бахти в FacebookСарвар Бахтӣ, акс аз бойгонӣ
Сарвар Бахтӣ, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба гуфтаи пуртазоди сафири Афғонистон дар Русия Абдулқаюм Кучӣ, ки дар мусоҳибаи хеш Тоҷикистонро кишваре бо мафиози пурқудрат номид, вокуниш нишон дод

"Тоҷикистон — кишвари хурдакакест,  ҷумҳурӣ 5 миллион  аҳолӣ дорад,  ки аз он 1 милллион  русҳо мебошанд. Дар Тоҷикистон  фарҳанг- русист  ва забони давлатӣ низ русӣ аст. Тоҷикон ҳуқуқ надоранд, ки бо забони миллии худ нависанд, онҳо ҳатто хатти худро тағийр додаанд. Дар Тоҷикистон мафиози пурқудрат амал мекунад",- мегӯяд сафири Афғонистон.

"Сафари Афғонистон даъват карда шуд ва ба вай оҳанги эътирози Тоҷикистон баён гардид, ки дар он ба ҷониби Афғонистон  далелҳо шайъӣ гуфта шудаанд", — мегӯяд  котиби матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Русия Сарвар Бахтӣ.

Баробари ин гуфтаҳои сафири Афғонистон муносибати расмии Кобул бо Тоҷикистон набуда,  балки танҳо ақида як нафар аст.

Лентаи хабарҳо
0