ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов барқияи табрикӣ ирсол намуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти ҶТ.
"Муҳтарам Гурбонгулӣ Маликгулиевич,
Ба муносибати пирӯзии комили Шумо дар интихоботи навбатии Президенти Туркманистон табрикоти самимии маро қабул фармоед.
Аз нав интихоб шудани Шумо ба ин маснади масъули давлатӣ баёнгари возеҳи эътимоди баланди мардум нисбат ба роҳи сиёсие мебошад, ки таҳти роҳбарии Шумо ба хотири шукуфоии бемайлони кишвар ва некуаҳволии мардуми он мавриди татбиқи амалӣ қарор дорад.
Итминон дорам, ки дар давраи нави фаъолияти президентии Шумо муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Туркманистон минбаъд низ ба нафъи ду давлат ва мардумонашон таҳкиму рушд хоҳанд ёфт.
Бо истифода аз фурсат, ба Шумо, Гурбонгулӣ Маликгулиевич, тансиҳатии комил ва комёбиҳои нав дар фаъолияти давлатиатон ва ба мардуми Туркманистон сулҳу ободӣ таманно дорам".