ДУШАНБЕ,11фев —Sputnik.Тибқи иттилои манбаъ, президент бо намояндаи парлумони Чехия муносибатҳои ду кишвар ва ҳамкориҳои байнипарлумониро баррасӣ кард.
Аз раванди густариши робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва гуманитарии Тоҷикистону Чехия изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гидроэнергетика, комплекси агросаноатӣ, маориф ва туризм пешниҳодҳои судманд баён гардид, омадаст дар хабар.
Дар мулоқот доир ба густариши робитаҳои байнипарлумонӣ ва тақвияти нақши онҳо дар раванди ҳамгироии минтақавию байналмилалӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизм, ҷиноятҳои фаромарзӣ ва иштироки фаъол дар ба эътидоловарии вазъи сиёсию низомии Афғонистон табодули афкори судманд карда шуд.
Изҳори умедворӣ карда шуд, ки Тоҷикистону Чехия дар оянда дар соҳаҳои мухталиф ҳамкорӣ хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки дар аввалҳои декабри соли гузашта Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Чехия бо сафари расмӣ ташриф оварда буд.
Дар рафти сафари корӣ ба Прага президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Чехия Милош Земан ду ҳуҷҷат ба имзо расонид.
Ду ҳуҷҷат- Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Чехия оид ба алоқаи ҳавоӣ ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Чехия аз ҷониби Прокуророни генералии ҳар ду кишвар ба ҳисоб меравад, ки ба қавли Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои ду кишварро густурдатар хоҳад кард.