Тоҷикистон мехоҳад муносибатҳоро бо Канада беҳтар кунад

Обуна шудан
Дар ҷараёни суҳбат Сироҷиддин Аслов ва Сафири Фавқуллода ва мухтори Канада дар Тоҷикистон роҷеъ ба густариши муносибатҳои дуҷониба табодули назар намуданд

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. 3 феврали соли 2017 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Сафири фавқулода ва мухтори Канада дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳаш дар ш. Остона) Шон Стейл баргузор гардид, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ВКХ Тоҷикистон.

Дар ҷараёни суҳбат роҷеъ ба густариши муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи Тоҷикистону Канада, аз ҷумла ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули назар сурат гирифт, менависад манбаъ.

Ҳамзамон вазир ва сафир  масъалаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор", 2018-2028-ро муҳокима намуданд, гуфта мешавад дар хабар.

Лентаи хабарҳо
0