Муфтӣ: Тоҷикон дар Маскав зан мегиранд, занҳошон дар Тоҷикистон бехабар

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкИмоми Масҷиди ҷомеи Маскав Элдар Аляутдинов, акс аз бойгонӣ
Имоми Масҷиди ҷомеи Маскав Элдар Аляутдинов, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳангоми барпо кардани оила, бояд дар хотир дошт, ки оила чизи муқаддас ва муҳим аст. Муносибати хешро нисбати оиладор шудан бояд ҷиддитар кард, мегӯяд муфтӣ
ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Намояндаи дини шаҳри Маскав, муфтии Маскав ва имомхатиби масҷиди ҷомеи Маскав Элдар Аляутдинов дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон дар бораи шароитҳои хондани никоҳ ва барпо намудани оила аз ҷониби муҳоҷирон дар Русия  нақл намуд.

Мувофиқи маълумоти расонаҳо, дар Тоҷикистон минбаъд иҷозаи хондани хутбаи никоҳ танҳо ба имом хатибони масҷидҳо дода мешавад.

Ба гуфтаи Элдар Аляутдинов дар Тоҷикистон бояд рафти бастани ақди никоҳро чунон ба танзим даровард, ки ҳуқуқи зан ва мард баробар нигоҳ дошта шавад.

Алятдунив бар он аст, ки ба ҳамсари худ хабар накарда, бори дуввум оиладор шудани муҳоҷирон дар Маскав умуман дуруст нест.

"Агар Маскавро ба назар гирем, мутаассифона, вақтҳои охир муҳоҷироне, ки барои кор ба пойтахт меоянд, бори дуввум, севвум ҳатто чаҳорум оиладор мешаванд, аммо занҳояшонро хабардор намекунанд. Ин  як бесарусомонист — масъалаи аз ҷониби муҳоҷирон барпо кардани оила дар Маскав ташвишовар аст ", — гуфт муфтӣ.

Тӯй. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Никоҳи хешутаборӣ дар Тоҷикистон манъ шуд

Ҳангоми барпо кардани оила, бояд дар хотир дошт, ки оила чизи муқаддас ва муҳим аст. Муносибати хешро нисбати баро кардани он бояд ҷиддитар кард, мегӯяд муфтӣ.

"Дар назди муллое рафта, хутбаи никоҳ хонда, гӯё дар назди Худованд зану шавҳар шудан, нодурст аст. Дар бораи он, ки дар Тоҷикистон ба ҳама муллоҳо хондани хутбаи никоҳро иҷозат надодаанд, ман розиям. Ба фикри ман бояд  ин равандро то ҷое мушкилтар кард",- гуфт Алятдинов.

Лентаи хабарҳо
0