Ҳушёр бош !: КҲФ аз лағзиши барф ва афтиши шушаҳои ях огоҳ мекунад

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкЯхҳои тори девор. Акс аз бойгонӣ
Яхҳои тори девор. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пайи ҳавои тағйирёбанда ва афтиши ҳарорат дар қаламрави кишвар хатари лағзиши барфтӯда ва яхпора аз бомҳо, ҳамчунин канда шудани шушаҳои овезон аз лабгӯшаи бомҳо афзудааст

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Ҳавои тағйирёбанда ва афтиши ҳарорат дар қаламрави кишвар хатари лағзиши барфтӯдаро зиёд мекунад ҳушдор медиҳад хадамоти матбуоти КҲФ.

Боришҳои рӯзҳои гузашта муҷиби ғарами барф дар бомҳои хонаҳои истиқоматӣ ва муассисаҳо шуд.

Сардиҳо дар Афғонистон, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Сардиҳо дар музофоти Бадахшон ҷони 19 нафарро рабуд

"Бар асари ҳавои тағйирёбанда ва афтиши ҳарорат дар қаламрави кишвар хатари лағзиши барфтӯда ва яхпора аз бомҳо, ҳамчунин канда шудани шушаҳои овезон аз лабгӯшаи бомҳо афзудааст ва ин метавонад сабабгори ҷароҳатдор шудани одамон ва ҳодисаҳои нохӯши дигар шавад",-омадааст дар иттилоия.

Дар бастагӣ бо ин Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки ҳангоми гаштугузор ба ҳолати бомҳо таваҷҷуҳ кунанд.

"Соҳибони хонаҳои хусусии якошёна бояд сари вақт бомҳои хонаҳои худро аз барф тоза кунанд, то ки дар натиҷаи об шудан он вазнинӣ ба бомҳо наорад ва муҷиби шикастурехти дигар нашавад",-гуфта мешавад дар хабарнома.

Ҳамчунин ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки  ҳангоми гузар аз роҳҳо эҳтиёткор бошанд. Дар роҳҳои пиёдагард ба барфтӯдаҳо, ки маъмулан зерашон ях аст, диққат диҳанд.

"КҲФ бори дигар аз аҳолӣ хоҳиш мекунад аз сафарҳои бидуни зарурат ба манотиқи тармахез худдорӣ кунанд, хеле эҳтиёткор ва ҳушёр бошанд",-менависад манбаъ.

Соҳибони мошинҳоро зарур аст мошинҳои худро дур аз биноҳо нигоҳ доранд ва воситаҳои нақлиётӣ бояд аз ҷойҳои хатаровар дуртар нигоҳ дошта шаванд. 

Аз падару модарон хоҳиш мешавад, ки фарзандони хурдсоли худро беназорат нагузоранд.

КҲФ аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки дар сурати шоҳиди ҳодисаҳое, ки бар асари лағзиши барфу афтиши шушаҳо ба амал меоянд, ба хадамоти наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо рақамҳои  223 13 11;  221 91 19 ва ё  111 хабар диҳанд.

Лентаи хабарҳо
0