ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Дар мусобиқа, ки байни намояндагони 10 кишвари дунё дар шаҳри Ардабили Эрон баргузор шуд, Мутриба бо гирифтани 7,5 имтиёз соҳиби ҷои аввал гардид, дар ин бора Мутриба Ҳотамӣ ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Ӯ ҳамчунин дар сабқати шоҳмот, ки дар шаҳри Рашти Эрон аз санаи 20-уми январ то 27-уми моҳи гузашта гузаронида шуд, иштирок карда аз байни 365 варзишгар аз кишваҳои гуногуни ҷаҳон соҳиби мақоми дуюм гардид.
Баъди нишон додани натиҷаҳои баланд дар ду мусобиқа, Мутрибаро ба сабқати 7th International Ferdawsi cup chess tournamen, ки аз 13-уми феврали соли равон то 20-уми ҳамин моҳ доир мешаванд, даъват карданд.
"Айни ҳол ман дар шаҳри Машҳад ҳастам. Барои иштирок дар мусобиқаи навбатӣ омодагӣ мебинам. Кӯшиш мекунам, ки боз натиҷаи хуб нишон дода, номбардори Тоҷикистони азизам шавам",-гуфт Мутриба Ҳотамӣ дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки қаблан шоҳмотбоззани тоҷик дар озмуни Miss Chess Eurasia 2017 иштирок карда, соҳиби мақоми сеюм гардид.
Мутриба Ҳотамӣ духтари шоҳмотбоззани маъруф Саодат Одинаева буда, чандин маротиба қаҳрамони Тоҷикистон ва дар Олимпиадаи байнулмилалии шоҳмот иштирок кардааст.
Ӯ соли 1997 дар Душанбе ба дунё омадааст. Рейтинги ҷориаш — 1762 (зинаи 4-ум миёни шоҳмотбоззанони Тоҷикистон).