Маҳмадаминов барфу борони Тоҷикистонро бо Брайан муҳокима кард

© Фото : Аз хадамоти матбуоти ВКХ ҶТМаҳмадамин Маҳмадаминов намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ бо Стисен Брайан
Маҳмадамин Маҳмадаминов намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ бо Стисен Брайан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҳмадамин Маҳмадаминов-намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ бо муовини Дубири кулли СММ оид ба масъалаҳои башардӯстона мулоқот карда, номусоидии боду ҳавои Тоҷикистонро мавриди баҳс қарор дод

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Маҳмадамин Маҳмадаминов бо Стивен О Брайан зимни мулоқот, вазъияти фавқулодда бино бар асари вазъи номусоиди боду ҳаво ва боридани барфи зиёд дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистонро баррасӣ кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти вазорати корҳои хориҷиии ҶТ.

Боришоти барф дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Номаи Шоҳзода Карим Оқохони IV ба Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода

Манбаъ мегӯяд, ки ҷонибҳо дар рафти мулоқот инчунин масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Дафтари СММ оид ба ҳамоҳангсозии масъалаҳои башардӯстонаро мавриди муҳокима қарор доданд.

Ёдовар мешавем, ки вақтҳои охир дар Тоҷикистон махсусан дар манотиқи кӯҳӣ бориши барф зиёд шуда, боиси баста шуднаи роҳҳои марказӣ ва марги одамон гардид.

Ҳамин тавр мувофиқи маълмоти расмӣ дар пайи зери барф мондани шаҳрвандони Тоҷикистон дар шоҳҳори Душанбе-Хуҷанд 10 нафар ба ҳалокат расид.

Лентаи хабарҳо
0