Аҳамияти саноатӣ надорад: “Газпром” фаъолияташро дар Сариқимиш қатъ кард

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкБинои "Газпром", акс аз бойгонӣ
Бинои Газпром, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон то ҳол аз “Газпром” сабаби ин иқдоми ширкатро муайян накардааст, қайд кард роҳбари Сарраёсати геологии назди ҳукумати ҶТ Мурод Хол

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik.Иттиҳодияи фаромиллии русии "Газпром" амалҳои иктишофии ширкатро дар минтақаи Сариқимиш хотима бахшид.

Ин маълумотро роҳбари Сарраёсати геологии назди ҳукумати Тоҷикистон Мурод Хол тасдиқ кард.

Вай қайд кард, ки ҳукумати Тоҷикистон то ҳол аз "Газпром" сабаби ин иқдоми онҳоро муайян накардааст.

Дар навбати худ, намояндагии Gazprom International дар Тоҷикистон Зинаида Крассой ба РИА Новости изҳор дошт "ширкат барои он фаъолияташро дар Сариқимиш қатъ мекунад, ки маҷрои аз чоҳбаромада, аҳамияти саноатӣ надорад".

Аждар Куртов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Барои чӣ “Газпром” аз саҳанаи итеҳсолоти Тоҷикистон дур шуд

Ҳамин тавр, чоҳ ҳоло мавқуф гузоршта шудааст.

Аммо мутахассисони Gazprom International ҳоло дар маълумотҳоро дар бораи ҷойгиршавии нафту газ дар дигар минтақаи Тоҷикистон — Суғд- Маҳрам, Ниёзбек ва Шифо ҷамъоварӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки фаъолияти Gazprom International дар Тоҷикистон моҳҳои сентябри соли 2008 сар шудааст.  Ширкат барои истифодаи қаъри замини Сариқимиш, ки 1715 ҳектарро ташкил медиҳад, иҷозатнома гирифта,  корҳои иктишофиро дар ноҳияи Шаҳринав то инҷониб давом медод.

Лентаи хабарҳо
0