ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik.Вазорати тандурустии Ӯзбакистон ба табибони ватание, ки дар хориҷ фаъолият мекунанду хоҳиши ба ватан бар гаштанро доранд, якчанд имтиёзҳоро пешниҳод намуд, хабар медиҳад gazeta.uz.
"Вазорати тандурустӣ бо дастури президент барои бар гардонидани табибоне, ки дар хориҷ фаъолият доранд, чораҳо меандешад",- мегӯяд муовини аввали вазири тандурустии ҶӮ Адҳам Икромов.
Вай қайд кард, ки ба табибон имтиёзҳои зиёд пешниҳод карда мешавад- хона, маоши хуб, ҷойи кори арзанда ва ғайраҳо. "Аммо ин имтиёзҳо танҳо барои мутахасисони соҳавӣ дода мешавад", илова намуд вай.
Чуноне ки Икромов қайд намуд, барои бар гардонидан ба ватан вазорат аллакай бо мутахассисони соҳа — ҷарроҳ, нейроҷарроҳ, ортопед, шикастабанд, ва ҷарроҳи ҷигар сӯҳбат кардаст.
"Даҳ понздаҳ нафари онҳо розӣ шуданд, ки ба ватан дар давоми ҳамин сол бар гарданд",- мегӯяд намояндаи вазорати тандурустӣ.
Президенти Ӯзбакистон Шавкат Мирзиёев пештар изҳор дошта буд, ки барои бар гардонидани табибони касбии ватанӣ ба Ӯзбакистон имтиёзҳои ҷолиб пешниҳод карда шавад.
Коршиносон қайд мекунанд, ки надики 3 миллион нафар (қариб аз се як ҳиссаиаҳолии Ӯзбакистон- идора) дар хориҷ фаъолият мекунанд.