ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Президенти Ҷумҳурии Узбакистон Шавкат Мирзиёев фаъолони соҳаи фарҳангро бахшида ба 25-солагии таъсиси Маркази байналмиллалии фарҳангӣ бо мукофотҳо қадрдонӣ намуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти ҶУ.
Ҳамин тавр барои саҳми бузург дар таҳкими муносибатҳои дӯстона, Мирзиёев ба фаъолони соҳаи фарҳанги Узбакистон ва ду намояндаи Марказҳои фарҳангии миллии тоҷикон ордену медалҳо тақдим кард.
Президент ба Абдурасул Эргашев-раиси Маркази фарҳанги миллии тоҷикони вилояти Қашқадарё ордени "Дустлик" супорида ба Анвар Муродов-хабарнигори рӯзномаи "Овози тоҷик" ва раиси Маркази фарҳангии вилояти Намангон медали "Шӯҳрат" тақдим кард.
"Солҳои соҳибистиқлолӣ дар таърихи муносибатҳои байналмиллалӣ саҳифаи нав боз кард. Яке аз самтҳои афзалиятнок дар сиёсати давлатӣ дар Узбакистон рушди фарҳанг, таҳаммулпазирӣ ва гуманизм буд. Ва ҳамааш дар амал татбиқ гардид",-қайд кард Мирзиёев.
Президент қайд кард, ки дар таҳкими муносибатҳои байналмиллалӣ нақши 137 марказҳои фарҳангӣ бузург аст.