Рустами Эмомалӣ дар тоза кардани кӯчаҳо бо БАТТ ҳамкорӣ мекунад

Обуна шудан
Дар вохӯрӣ раиси шаҳр иброз дошт, ки мақомоти иҷроияи шаҳри Душанбе омода аст, бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Тараққӣ ҳамкорӣ кунад

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik.Тибқи ахбори хадамоти матбуоти шаҳрдории пойтахт иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо намояндагони Бонки Аврупоии Таҷдиду Тараққӣ вохӯрӣ доир намуда, ҳамкориҳои байни роҳбарияти Душанбе ва бонки аврупоиро баррасӣ намудааст.

Рустами Эмомалӣ яке аз самтҳои ҳамкориро бо БАТТ — ҳамкорӣ  дар бахшҳои поккорию санитарии ҳудудҳои шаҳри Душанбе — тоза кардани кӯчаҳо ва партовҳо нишон дод, омадааст дар хабари матбуот.

Ҳамчунин роҳбарияти шаҳр ва бонки аврупоӣ самтҳои ҳамкории хешро дар  бахши хоҷагии манзиливу коммуналӣ, аз ҷумла соҳаҳои гармидиҳӣ(таъмиру таъвизи хатҳои интиқоли гармӣ), нақлиёти шаҳрӣ, обтаъминкунӣ ва  рушди чароғонкунии кӯчаҳо нишон доданд.

Ёдовар мешавем, ки раиси кунунии шаҳри Душанбе санаи 12-уми январ аз ҷониби президенти Тоҷикистон Эмомалӣ раҳмон ба ҳайси мири шаҳри пойтахт таъин гардид.

Нақлиёти ҷамъиятӣ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Қарори Рустам оиди манъ кардани ҳаракати нақлиёт дар кӯчаи Маҳмадалиев

Дарҳрол баъд аз таъин гаштанаш ба мансаби шаҳрдорӣ, Рустам дар назди фаъолони ҷомеа баромад намуда, изҳор дошт, ки мушкилиҳои мавҷудаи пойтахтро ҳал хоҳад кард.

Яке аз иқдомҳои раиси шаҳри навро эълон намудани 150 рӯзи ободонӣ дар Душванбе унвон кардан мумкин аст, ки дар он Рустами Эмомалӣ сохторҳои дастгоҳи иҷроияи шаҳрӣ, корхонаву ташкилотҳоро вазифадор намуд, ки дар ин чорабинӣ фаъолона иштирок кунанд.

Ғайр аз ин мири шаҳр раисони ноҳияҳои пойтахтро вазифадор кардааст, ки якҷоя бо роҳбарони корхонаю идораҳо ва соҳибкорони маҳаллӣ бо ҷалби аҳли ҷамоатчигии шаҳр бахусус ҷавонон дар мазеъҳои муайянгардида ба ниҳолшинонӣ машғул шуда, нигоҳубунӣ минбаъдаи онҳоро риоя кунанд.

Ёдовар мешавем, ки санаи 2-уми феврали соли равон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздид аз Боғи Наврӯзгоҳи пойтахт якҷоя бо иҷрокунандаи вазфаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ маъракаи ниҳолшинониро дар пойтахт оғоз бахшид. Ҳамин тавр, раисҷумҳур ба роҳбарияти Душанбе ва масъулин вазифа дод, ки барои сазовор ҷашнгирифтани иди байналмиллалии Наврӯзомодагӣ бинанд.

Лентаи хабарҳо
0