ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Ҳукумати шаҳри Душанбе ба азнавсозии кӯчаи Миралӣ Маҳмадалиев (собиқ кӯчаи Фучик) машғул мешавад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти шаҳрдори Душанбе.
"Бинобар оғоз шудани корҳои сохтмонӣ дар лоиҳаи "Азнавсозии кўчаи М.Маҳмадалӣ (собиқ Фучик) аз кўчаи Карин Манн то кўчаи А.Қаҳҳоров" аз 6 феврали соли 2017 то 25 декабри соли 2017 ҳаракати нақлиёти автомобилӣ, муваққатан қатъ карда шавад",-омадааст дар иттилоия.
Ба ронанадагон тавсия дода мешавад, ки аз дигар роҳҳои минтақаи шаҳри Душанбе истифода баранд.
"Азнавсозии кўчаи М.Маҳмадалӣ (собиқ Фучик) аз кўчаи Карин Манн то кўчаи А.Қаҳҳоров"-яке аз қадамҳои нахустини раиси нави шаҳри Душанбе ҷиҳати ободигардонии пойтахти Тоҷикистон мебошад.
Қаблан Рустами Эмомалӣ қарор дар бораи давомнокии ҳаракати троллейбусҳо дар шаҳри Душанберо қабул карда, ҳаракати онҳоро то соати 23:00 дарозтар кард.