ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik.Ширкати миллии ҳавоии "Тоҷик Эйр" ба нақша гирифтааст, ки ба наздикӣ парвозҳои ширкатро ба Пекин ва Хоруғ барқарор кунад.
Ғайр аз ин, "Тоҷик Эйр" мақсад дорад, парвозҳо ба шаҳрҳои зикршуда зуд зуд амалӣ карда шаванд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти "Тоҷик Эйр".
Аз ширкати мазкур ҳамчунин хабар доданд, ки санаи 9-уми феврал парвоз ба самти Душанбе- Хуҷанд- Душанбе амалӣ карда мешавад.
"Ҳоло талабот ба парвозҳо ба самти Душанбе- Хуҷанд-Душанбе зиёд аст. Ба ҳамаи мусофирон мерасонем, ки парвоз ба шимоли Тоҷикистон санаи 9-уми феврал сурат хоҳад гирифт. Вақти парвоз 25:30 ва нархи чипта 334 сомонӣ мебошад",- қайд кард котиби матбуоти "Тоҷик Эйр" Азиз Хайруллоев.
Намояндаи ширкати ҳавоӣ ҳамчунин хабар дод, ки ба мушкилоти молиявӣ нигоҳ накарда, роҳбарият тамоми корҳоро барои барқарор намудани павозҳо ба самти Душанбе-Хоруғ-Душанбе анҷом дода истодааст.
"Умед дорем, ки парвозҳо барқарор мешаванд, зеро ҳаракатҳои ҳавоӣ ба Хоруғ барои аҳолии кишвар аҳамияти муҳим дорад",- илова намуд ӯ.
Пештар директори генералии ширкат Хайрулло Раҳимов хабар дод, ки ба бекор гаштани парвзҳо нигоҳ накарда, ширкат имконят дорад, ба самти Душанбе-Хоруғ — Душанбе мусофиронро ба воситаи чархбол расонад.
Ёдовар мешавем, ки парвозҳои мунтазам ба Хоруғ аз санаи 5-уми октябри соли 2016 қатъ карда шуданд. Парвозҳо бо тайёраи АН-28 сурат мегирифтанд, ки ҳоло он ба таъмир мӯҳтоҷ аст. Ҳавопаймоҳои дигар аз сабаби релефи мушкили минтақаъ, наметавонанд ба ин шаҳр парвоз кунанд.
"Тоҷик Эйр"- ширкати миллии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки аз солҳои 1930 ташкил ёфтааст. Ширкат ҳоло ба 6 давлати дунё парвоз мекунад.
Соли гузашта ширкати ҳавоии "Тоҷик Эйр" аз фурудгоҳи Домодедовои Маскав мукофоти "Ситораҳои Помир"-ро ба даст овард.