ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Ширкати ҳавоии ҶСК "Тоҷик Эйр" хабар медиҳад, ки дар соли гузашта ба як қатор пешравӣҳо ноил гашт.
Ҳамин тавр ширкат дар давоми соли 2016 самти инитиқоли мусофиронро тақвият бахшида, нисбат ба соли 2015 —12 812 нафар зиёдтар мусофир интиқол дод.
Тибқи ахбори манбаъ вобаста ба ин, "Тоҷик Эйр" доираи хатсайрҳоро низ васеъ карда, аз ҷумла ба кишварҳои Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҳиндустон ва дар дохили кишвар ба Хуҷанд ва Хоруғ парвозҳои нав ташкил кард.
Даромади солонаи ҷамъият низ дар соли 2016 афзоиш ёфта, 13 % зиёдтар гаштааст.
Ба хотири баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, ширкат инчунин дар дар тӯли сол 284 нафар шаҳрвандро бо арзу шикоят қабул намуд.
"Тоҷик эйр" интиқоли 475 адад борҳои "Груз- 200" ва 192 нафар муҳоҷири ихроҷгаштаро яке аз корҳои хайриявӣ ва башардӯстонаи худ медонад.
Соли 2016 баробари зиёд гаштани даромад ва сафи мизоҷон ширкати ҳавоӣ ба оилаҳои камбизоат, кўдакони ятиму бепарастор ва мактаб-интернатҳо кӯмаки молиявӣ расонид. Маблағи умумии кӯмакҳои расондашуда 763,4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Бо баробари ин, шурӯъ аз моҳи январи соли 2017 аз ҳар чиптаи ҳавопаймои ҷамъият 2 сомонӣ ба суратҳисоби Фонди хайриявии «Тоҷик Эйр» мегузаронад. Маблағи дар натиҷаи иқдоми иҷтимоии мазкур ғуншуда барои кӯмак ба кӯдакони то 12 сола харҷ мегардад, ки мубталои бемориҳои онкологӣ ва қалб мебошанд.
Инчунин "Тоҷик Эйр" мехоҳад барои пешбурди фаъолияти худ ба ширкат технологияи муосир, ҳавопаймоҳои нав харидорӣ намуда, ба бехатарии парвозҳо аҳамият диҳад ва хатсайрҳоро зиёд кунад.