Тоҷикистон имсол 215 миллион доллар қарз мегирад

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузариш ба медиабонкПул. Акс аз бойгонӣ
Пул. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳаҷми қарзи берунии Тоҷикистон дар соли 2016-2,3 миллиард долларро ташкил дод, ки ин нишондод 32,7 фисади маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар аст

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Тоҷикистон барои қарзи берунӣ дар соли 2016-158 миллион доллар сарф намуд, аз ҷумла 125 миллион доллари барои қарзи асосӣ ва 33 миллион фоизи он, менависад РИА Новости бо такя ба вазорати молияи Тоҷикистон.

Хабар дода мешавад, ки Тоҷикистон мехоҳад имсол ба маблағи 1,7 миллиард сомонӣ (зиёда аз 215 миллион доллар) қарз гирад.

"Барои супоридани қарзҳои берунӣ дар соли равон, Тоҷикистон 1 миллиарду 90,2 миллион сомонӣ (138 миллион доллар) ё 1,9 фисади маҷмӯи маҳсулоти дохилиро месупорад",-омадааст дар хабарнома.

Бонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Қарзи Тоҷикистон боз $5 млн. зиёд гардидааст

Қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир Чин мебошад, ки қарзи ин кишвар зиёда аз нисфи умумии қарзи берунаи Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Тоҷикистон қарзи худро аз ҳисоби буҷаи ҷумҳурӣ ва сандуқи рушди иқтисодиёт мехоҳад супорад.

Ҳамчунин дар назар аст, ки қарзҳо дар пайи фурӯши векселҳои давлатӣ, ҷалби қарздиҳандаҳо ва грантҳо аз ҷониби барқарорсозии созишномаҳо ба қадри зиёда аз 550,9 миллион сомонӣ (тақрибан 70 миллион доллар) баргардонида шавад.

Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки Тоҷикистон мехоҳад имсол ба маблағи 1,7 миллиард сомонӣ (зиёда аз 215 миллион доллар) қарз гирад.

Лентаи хабарҳо
0